Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фатво: "Ҳамлаи маргталабона ҳаром аст"


Тақрибан 200 нафар аз рӯҳониёни Покистон бо судури як фатво гуфтанд, ки ҳамлаи маргталабона ғайриисломӣ аст. Ин фатво дар ҷараёни конфронсе дар шаҳри Лоҳур рӯзи 17-уми май содир шуд ва дар он гуфта мешавад, ки бар асоси фармудаҳои шариат, ҳамлаи интиҳорӣ ғайриисломӣ ва ҳаром аст. Дар фатвои рӯҳониёни покистонӣ омадааст, ки идеологияҳои гурӯҳҳои Давлати исломӣ, Таҳрики Толибон, Ал-қоида низ ғайриисломӣ ва ҷаҳолат аст. Ба гуфтаи рӯҳониён, муҳофизати ғайримусулмонон барои як кишвари исломӣ фарз ва шарт аст. Рӯҳониёни Покистон, афзудаанд, мухолифони ваксинзании кӯдакон дар ин кишвар мардумро гумроҳ мекунанд ва онҳое, ки кормандони тиббии занро мекушанд, “бадтарин ҷинояткоранд". Дар Покистон тундравони исломӣ пайваста кормандони тиббиеро ҳадаф мегиранд, ки кӯдаконро аз бемории фалаҷи атфол ваксин мезананд. Ҳамла ба аққалиятҳои мазҳабӣ дар Покистон ҳам солҳои ахир зиёд шудааст.

XS
SM
MD
LG