Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сипоси Э.Раҳмон ба Чин барои ҳимоятҳои молияш


Эмомалӣ Раҳмон -- расиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 18 май бо муовини раҳбари Бонки давлатии рушди Чин Сиаою Жао, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, гуфтугӯ кард. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, дар ин мулоқот "роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкории судбахши Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи молиявии Чин" баррасӣ шудааст.

Тоҷикистон бо ин бонк аз соли 2009 боз ҳамкорӣ дорад ва дар ин муддат ба иттилои расмӣ "санадҳои зиёд барои ҷудо намудани қариб 100 миллион доллар қарзҳои имтиёзнок ба имзо расидааст". Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Чин барои пуштибониҳои пайвастааш аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон сипосгузорӣ карда, изҳори бовар намудааст, ки дар оянда низ ҳамкории Душанбеву Пекин рушд хоҳанд ёфт.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон имконоти Бонки давлатии рушди Чинро хеле фарох гуфта ва мисол овардааст, ки ин бонк ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон беш аз 300 миллиард доллар қарз ҷудо намудааст.

XS
SM
MD
LG