Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози дубораи бомборони ҳусиҳо дар Яман


Ошӯбгарони ҳусӣ дар Яман. Акс аз рӯзи 14-уми май.

Ошӯбгарони ҳусӣ дар Яман. Акс аз рӯзи 14-уми май.

Баъди поён ёфтани мӯҳлати созиши оташбаси панҷрӯза дар Яман барои расонидани кӯмакҳои башарӣ, эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ бомборони мавзеъҳои ошӯбгарони қабилаҳои шиамазҳаби ҳусиро аз сар гирифт. Мақомоти амниятии Яман рӯзи 18-уми май гуфтанд, ки ҳавопаймоҳо ба мавзеъҳои ҳусиҳо ва тонкҳои онҳо дар шаҳри бандарии Адан зарба заданд. Рӯзи 17-уми май, раҳбарони Яман дар Арабистони Саудӣ ҷамъ омада ва ояндаи кишварашонро баррасӣ карданд, ҳарчанд дар ин мулоқот намояндагони қабилаҳои суннӣ ҳузур надоштанд. Ошӯбгарони ҳусӣ ҳадафи аслии мулоқот, яъне дар мақомаш барканор кардани Абдурабӣ Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳури фирории Яманро қабул надоранд. Абдурабӣ Мансур Ҳодӣ дар Арабистони Саудӣ паноҳ ёфтааст. Ин кишвар аз охири моҳи март бомборони мавзеъҳои ҳусиро дар Яман шурӯъ кард.

XS
SM
MD
LG