Пайвандҳои дастрасӣ

Размандагони шиа ба Рамодӣ наздик шуданд


Нерӯҳои ҳукуматии Ироқ дар Рамодӣ

Нерӯҳои ҳукуматии Ироқ дар Рамодӣ

Мақомоти Ироқ мегӯянд, размандагони шиамазҳаб ба нерӯҳои ҳукуматие ҳамроҳ шуданд, ки барои тасарруфи шаҳри Рамодӣ, маркази вилояти Анбор басиҷ карда мешаванд. Ин шаҳрро ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ рӯзи якшанбе ишғол карданд. Сабоҳ Карҳут, раиси маҷлиси вилояти Анбор, гуфт, размандагони гурӯҳи таҳти назари ҳукумат бо номи Ҳошид-ал-Шобӣ шоми 17-уми май ба пойгоҳи низомие дар наздики шаҳри Рамодӣ дар 110 километрии ғарби шаҳри Бағдод ворид шудаанд. Размандагони шиамазҳаб, ки аз тарафи Эрон ҳимоят мешаванд дар пас гирифтани шаҳри Тикрит аз дасти гурӯҳи Давлати исломӣ дар моҳи апрел нақши муҳим доштанд. Вале онҳоро муттаҳам мекунанд, ки барои ҷиноятҳо алайҳи шиамазҳабон аз суннимазҳабон ниқор гирифтаанд. Раҳбарони суннимазҳаби Анбор рӯзи 18-уми май гуфтанд, ки бе размандагони Ҳошид-ал-Шобӣ коре аз дасти нерӯҳои ҳукуматӣ намеояд.

XS
SM
MD
LG