Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Бонки аврупоии рушд ба НБО-и Қайроқум


Бонки аврупоии бозсохт ва рушд Нерӯгоҳи барқи-обии Қайроқумро чун нерӯгоҳи аз нигоҳи техникӣ ва барои иқлим бехавф, бо ҷоизае қадр кардааст. Файзулло Авазов, раҳбари идораи ин нерӯгоҳ рӯзи 18 уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Бонки осиёи бозсохт ва рушд бо баргузории озмун барои беҳтарин барномаҳои бунёд ва таҷдиди нерӯгоҳҳои тавлиди барқ лоиҳаи таҷдиди НБО-и Қайроқумро, ки аз ҷониби ширкати “Барқи Тоҷик” пешбарӣ шуда буд, аз беҳтаринҳо донист. Дар қатори Нерӯгоҳи барқӣ-обии Қайроқум, ду барномаҳои шабеҳ аз кишварҳои Туркия ва Миср низ барандаи озмун шудаанд. Ин ҷоиза дар маросиме дар Гурҷистон рӯзи 15-уми май ба намояндагони ширкати “Барқи тоҷик” тақдим шудааст. Дар ин маросим аз иншооти тавлиди барқи бехатар будани Нерӯгоҳи барқӣ-обии Қайроқум ва бо роҳи безарар ба муҳити зист тавлид шудани нерӯи барқи он, тавсиф шудааст.

XS
SM
MD
LG