Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канада бо шикаст додани Русия қаҳрамони хоккейи ҷаҳон шуд


​Мунтахаби хоккейи Канада тими Русияро шикаст дод ва қаҳрамони ҷаҳон шуд.

Тими мунтахаби хоккейи Канада, ки дар бозии ниҳоӣ шаби 17 май дар Ҷумҳурии Чех бар тими Русия бо ҳисоби бузурги 6-1 пирӯз шуд, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

Ҳисоб дар қисми аввал боз шуд. Шайбаро Коди Икин, ҳамлагари мунтахаби Канада, ба дарвозаи Сергей Бобровский зад. Дар бахши дувуми 20-дақиқаӣ Тайлер Эннис, Сидни Кросби ва Тайлер Сегин ба дарвозаи мунтахаби Русия се шайбаи дигар ворид карданд.

Дар бахши ниҳоӣ Клод Жира ва Натан Маккиннон ҳисобро афзун намуданд. Ягонаи шайбаи русиягиҳоро ҳамлагар Евгений Малкин ба ҳадаф расонд. Ин ғалабаи канадагиҳо ба русиягиҳо дар таърихи сабқати ҳарду даста бо ҳисоби бузургтарин аст.

Мунтахаби Канада 25-умин қаҳрамони ҷаҳон оид ба хоккей гардид. Бори охирин мунтахаби Канада соли 2007 дар Русия медалҳои тиллои қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст оварда буд. Вале русиягиҳо натавонистанд унвони қаҳрамониро, ки соли 2014 дар Минск даст ёфта буданд, ҳифз намоянд.

XS
SM
MD
LG