Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудия бомбаборони Яманро идома медиҳад


Пас аз панҷ рӯзи оташбас нерӯҳои ҳавоии таҳти сарварии Арбистони Саудӣ бомбаборони мавзеъҳои зери назорати ҳусиҳои Яманро аз сар гирифтанд. Мақомоти амниятии Яман мегӯянд, субҳи 18 май ба мавзеъҳои ҳарбии ҳусиҳо ва тонкҳои онҳо дар наздикии шаҳри бандарии Адан зарбаҳои ҳавоӣ зада шуд. Як рӯз пеш сарварони яманӣ барои муайян кардани ояндаи кишвар дар Саудия гирдиҳам омаданд, вале раҳбарони ҳусӣ дар ин дидор ширкат накарданд. Онҳо ҳадафи асосии ин гуфтушунидро эҳёи ҳукумати раисиҷумҳури фирорӣ Абдурабу Мансур Ҳодӣ номиданд.6 феврали соли ҷорӣ шӯришиёни шиаи ҳусӣ парлумони Яманро пароканда карда, як ҳукумат ва шӯрои давраи гузор ташкил доданд. Абдул Малик Ҳусӣ - раҳбари ҳусиҳо гуфта буд, онҳо бо ин кор "халои сиёсӣ"-ро дар Яман пур мекунанд.

XS
SM
MD
LG