Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Истиқлол”-и Душанбе бо “Газовик”-и Оренбурги Русия бозии байналмилалии дӯстона анҷом медиҳад.

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе бо тими “Газовик”-и Оренбург, ки ба Лигаи миллии футболи Русия шомил аст, бозии байналмилалии дӯстона анҷом медиҳад. Ба иттилои Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи “Истиқлол”, ин бозӣ 21 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 19:00 шурӯъ мешавад.

Бояд гуфт, ки дар ҳайати «Газовик» Фарҳод Восиев, ҳимоятгари мунтахаби миллии Тоҷикистон, бозӣ мекунад. Вай аз соли 2013 шарафи ин бошгоҳро ҳифз менамояд. Дарвоқеъ, бародари бузурги Фарҳод – Дилшод Восиев – капитани дастаи “Истиқлол” аст. Бозии дӯстонаи “Истиқлол” ва “Газовик” як навъ рақобати хоси бародарон Восиевҳо хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, 13 октябри соли гузашта “Истиқлол» дар Варзишгоҳии марказии Душанбе бо ҳайати ҷавонони “Шальке-04»-и Олмон бозии байналмилалии дӯстона анҷом дода буд. Замони асосии ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба охир расида буд, вале дар задани силсилаи пеналтӣ ё зарбаҳои 11-метра футболбозони олмонӣ бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG