Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаҳор бозии даври шашуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон шоми якшанбеи 17 май натиҷагирӣ шуд.

Аз чаҳор бозии даври шашуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки шоми якшанбеи 17 май ба поён расид, дутоаш бо пирӯзии мизбонон, як бозӣ ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфта, як бозӣ мусовӣ шуд.

Бозии марказии ин давр, ки дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода байни тими мизбон – “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд барпо гардид, бо ҳисоби мусовии 1-1 ба анҷом расид. Дар ду бозии дигар “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ бар “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 2-0 ва “Равшан”-и Кӯлоб бар “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуданд. Танҳо дар як бозӣ дастаи меҳмон – ССКА “Помир” – тими “Барқи тоҷик”-ро бо ҳисоби 1-0 шикаст дод.

Бозии охирини даври шашум имрӯз, 18 май, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан байни дастаҳои “Далерон-Ӯротеппа” ва “Истиқлол”-и Душанбе баргузор мешавад. Зимнан, “Истиқлол”, ки дар ҳамаи панҷ бозӣ пирӯз шудааст, дар ҷадвали мусобиқа бо 15 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 6-ум

«БАРҚИ ТОҶИК» — ССКА «ПОМИР» — 0:1

Гол: Шамсиддин Қосимов, 11.

«РАВШАН» — «ПАРВОЗ» — 1:0

Гол: Бахтиёр Қаландаров, 44.

«РЕГАР-ТАДАЗ» — «ХУҶАНД» — 1:1

Голҳо: Комрон Турсунов, 61 (1:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 72 (1:1).

«ХАЙР» — «ВАХШ» — 2:0

Голҳо: Идибек Ҳабибуллоев, Баҳодур Шарифов, аз пеналтӣ.

18 май (душанбе)

Оғози бозӣсоати 17:00

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» — «ИСТИҚЛОЛ»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

5

5

0

0

26-2

15

2

«Хайр» (Ваҳдат)

6

4

1

1

12-8

13

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

6

3

3

0

11-6

12

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

6

3

2

1

9-5

11

5

ССКА «Помир» (Душанбе)

6

2

1

3

3-8

7

6

«Равшан» (Кӯлоб)

6

2

1

3

7-13

7

7

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

4

1

2

1

6-4

5

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

6

1

2

3

2-7

5

9

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

5

1

0

4

3-11

3

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

6

0

0

6

0-15

0

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 4 тӯб, Наполеон АНДОХ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Бледа РОДРИГЕС («Истиқлол») – 3-тӯбӣ.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG