Пайвандҳои дастрасӣ

Петр Порошенко, раисиҷумҳури Украина даъват кард, ки ҳама рамзҳои коммунистӣ дар кишвар аз байн бурда шаванд. Дар як суханронӣ бахшида ба Рӯзи ёдбуди қурбониёни саркӯбиҳои сиёсӣ жар солҳои 30-юми қарни гузашта, рӯзи 17 май ӯ таъкид намуд, ки режими шӯравӣ миллионҳо одамони бегуноҳро нобуд кард.

Ба гуфтаи ӯ фишору тазъиқ дар Иттиҳоди Шӯравиро метавон бо куштору шиканҷа дар конслагери Бухенвалд замони ҷанги дуввуми ҷаҳон баробар кард.

Раисиҷумҳур изҳор намуд, ки дар Украина ба ҳеҷ ваҷҳ ба гентсид ё наслкӯшии мардуми украин рроҳ нахоҳанд дод ва таъкид кард, ки бар асари саркӯбиҳои сталинӣ беш аз сад ҳазор сокинони Украина кушта шуданд. Онҳо, ба гуфтаи Порошенко, на «душмани халқ», балки коргарон, муаллимон, рӯҳониён, олимон ва адибони оддие буданд, ки замину забони худро дӯст медоштанд.

Рӯзи якшанбе дар Украина ёди қурбониёни саркӯбиҳои сиёсӣ дар солҳои 30-юми қарни гузаштаро гиромӣ доштанд. Маросимҳои ёдбуд дар мамнӯъгоҳи миллии таърихӣ-ёдгории "Быковнянские могилы" баргузор шуданд, ки он ҷо замони шӯравӣ афроди ба қатл маҳкумшударо тирборон мекарданд.

XS
SM
MD
LG