Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Македония намоиши зиддиҳукуматӣ шурӯъ шуд


Ҳазорон нафар дар майдони марказии шаҳри Скопие, пойтахти Македония, рӯзи 17 май дар намоиши зиддиҳукуматӣ ҷамъ омаданд.

Ҳизбҳои мухолифи ҳукумат таҳти раҳбарии Иттиҳоди сотсиал-демократҳои Македония эълом доштанд, ки эътирозгарон то истеъфои кобинаи нахуствазир Никола Груевский майдонро тарк нахоҳанд кард. Онҳо ҳукумати феълиро дар бӯҳрони иқтисодӣ дар Македония айбдор мекунанд.

Ба гуфтаи раҳбари сотсал-демократҳо Зоран Заев, намоиши зиддиҳукуматӣ мусолиматомез хоҳад буд ва дар он ҳама қавму миллатҳои муқими кишвар ширкат хоҳанд кард. Ҳамзамон бо намоиши эътирозӣ дар майдон консерт ҳам баргузор мешавад.

Қарор аст, ки рӯзи душанбе ҷонибдорони нахуствазир Никола Груевский низ намоиши худро доир кунанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, ихтилоф миёни раҳбари сотсиал-демократҳо ва нахуствазир баъд аз он амиқ шуд, ки Зоран Заев сабти баъзе аз сӯҳбатҳои маҳрамонаи Никола Груевскиро нашр кард. Бино ба ин сабтҳо, нахуствазир ва дигар мансабдорони воломақом дар бораи интихоби додрасҳо аз ҳисоби аъзои ҳизби худ сӯҳбат мекарданд.

Зоран Заев мегӯяд, ки ин сабтҳоро аз як ифшогар ба даст овардааст. Додситонии Македония алайҳи Заев бо иттиҳоми тӯҳмат ба раҳбарони давлат парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва дар сурати собит шудани иттиҳомот ба ӯ то 4 соли зиндон таҳдид мекунад.Моҷарои сӯҳбатҳои пинҳонии нахуствазир сабаби латма дидани обрӯи Македония дар Иттиҳодияи Аврупо ва созмонҳои байналмилалӣ шуд, ки гуфтанд, ин кишвар волоияти қонун ва озодии матбуотро таъмин намекунад.

XS
SM
MD
LG