Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Камбоҷа тоҷири рус Сергей Полонскийро ба Русия таслим намуданд. Ба иттилои сафорати Русия дар Камбоҷа,ҳавопаймо бо Сергей Полонский шаби 17 май ба Маскав парвоз кард.

Додситонии кулли Камбоҷа истирдоди тоҷирро бо талаби Интерпол ё Полиси байнулмилалӣ марбут кард, ки хостори таслими Полонский ба Русия шуд – тоҷир чанд сол боз мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор дошт.

Сергей Полонский дар Камбоҷа 15 май боздошт шуд. Мақомоти маҳаллӣ қаблан гуфтанд, ки ӯ барои нақзи режими раводид ба Русия истирдод мешавад. Аммо Славик Брсоян, вакили дифои Полонский мегӯяд, ки шахси таҳти ҳимояташ дар Камбоҷа қонунӣ ба сар мебурд.

Дар Русия миллионер Полонскийро дар яғмои маблағи барои бунёди маҷмааҳои истиқоматии "Рублевская ривьера" ва "Кутузовская миля" пардохтшуда айбдор мекунанд. Ба иттилои муфаттишон, ӯ тақрибан 6 миллиард рубли русиро дуздидааст.

XS
SM
MD
LG