Пайвандҳои дастрасӣ

Дар таркиш дар фурудгоҳи Кобул ду кас ҷон бохт


Бар асари таркиш дар даромадгоҳи асосии фурудгоҳи байнулмилалии Кобул 17 май ду духтараки наврас ба ҳалокат расида, дасти кам 20 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилои полиси Кобул, як маргталаб худро дар даромадгоҳе мунфаҷир кард, ки асосан аз сӯи мошинҳои низомии хориҷӣ истифода мешавад. Як масъули полис ба хабаргузории Рейтер гуфт, ки эҳтимолан низомиёни НАТО ҳадафи ҳамла қарор доштанд.

Масъулияти таркишро ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст, аммо ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, аз ин пеш чунин ҳамлаҳоро толибон анҷом медоданд.

XS
SM
MD
LG