Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон иди Ғалабаро дар Твер таҷлил карданд


Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомиддин Сатторов
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомиддин Сатторов

Дар шаҳри Твери Русия дар чаҳорчӯби идомаи таҷлил аз ҷашни 70-солагии Ғалаба дар ҷанги дуввуми ҷаҳон бо ширкати собиқадорони ҷанг консерти бузурги миллатҳои гуногуни муқими ин минтақа ва мусобиқаи байнулмилалии гуштин ба ёди поягузори созмони фарҳангии тоҷикони Твер Аъзам Хушаков баргузор шуд.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ифтитоҳи ин чорабинӣ дар Кохи варзишии «Юбилейный” сафири Тоҷикистон дар Русия Имомиддин Сатторов суханронӣ кард ва ба рушди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Русия таъкид намуд. Сафири Тоҷикистон гуфт, ки “хотироти ҷанг – хотироти гузаштагони мо, корнамоиҳои онҳо дар майдони ҷангу ақибгоҳ, муҳаббату покниҳодии онҳост ва бояд ёди неки онҳо аз насл ба насл интиқол ёбад”.

Дар маросими ифтитоҳи консерту мусобиқаи гуштин намояндагони вилояти Твер ва Муқим Майбалиев, раиси ҷамъияти фарҳангии тоҷикони минтақа, ки ҳамзамон мушовири волии вилояти Твер низ ҳаст, суханронӣ карданд.

Барои ширкат дар қувваозмоии байнулмилалии гуштин паҳлавонон аз манотиқи гуногуни Русия – аз Санкт-Петербург то Краснодар ба Твер омаданд.

XS
SM
MD
LG