Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА дар бораи кушта шудани яке аз раҳбарони калидии гурӯҳи “Давлати исломӣ” Абӯ Сайёф хабар дод. Амалиёти нерӯҳои махсуси Амрико барои нобудсозии ӯ дар шарқи Сурия сурат гирифт.

Дар иттилои Кохи Сафед, ки рӯзи 16 май нашр шуд, омадааст, амалиёт алайҳи ифротгароҳо бо амри раисиҷумҳур Барак Обама сурат мегирад. Абӯ Сайёф дар раҳбарияти “Давлати исломӣ” масъули истихроҷу истифода нафту газ ва молия буд. Хабаргузории Reuters иттилоъ медиҳад, ки ин нахустин амалиёти ошкоршудаи нерӯҳои махсуси Амрико дар қаламрави Сурия аст, албатта ба истиснои амалиёт ба хотири раҳоии гурӯҳи гаравгонҳои амрикоӣ аз дасти “Давлати исломӣ” дар соли гузашта, ки ноном анҷом шуда буд.

Намояндаи Шӯрои амнияти Амрико Бернадетт Миган изҳор намуд, ки амалиёти ахир аз қаламрави Ироқ бо ризояти Бағдод баргузор шуд. Ӯ иқрор намуд, ки Кохи Сафед дар бораи амалиёт алайҳи Абӯ Сайёф мақомоти Сурияро дар ҷараён нагузошта ва амалиётро бо мақомоти он кишвар ҳамоҳанг ҳам накарда буд.

XS
SM
MD
LG