Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиши ИМА аз аъмоли Чин дар баҳри Чини Ҷанубӣ


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи 16 май дар ҷараёни сафараш ба Пекин изҳор намуд, ки Вошингтон аз амалҳои Чин дар баҳри Чини Ҷанубӣ нигарон аст. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон ӯ гуфт, амалҳои Пекин дар баробари ҷазираҳое, ки ба онҳо Бруней, Малайзия, Тайван, Вйетнам ва Филиппин ҳам довталабӣ мекунанд, боиси ташдиди авзоъ дар минтақа мешаванд. Бар пояи бархе хабарҳо, фақат тайи як соли ахир Чин қаламрави ҷазираи Спратлиро аз роҳи сунъӣ 800 гектар афзоиш додааст.

Аммо мақомоти Чин дар посух мегӯянд, ки маҳз Амрико дигар кишварҳои минтақаро барои даъво бо Чин дар робита ба ин ҷазираҳо таҳрик медиҳад.

Ҷон Керрӣ дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои чиноияш Ван Йӣ ҳамчунин гуфт, ИМА ва Чин барои таҳияи созише талоши муштарак мекунанд, ки бояд садди роҳи Эрон дар дастёбӣ ба маводи сӯхти ҳастаӣ шавад.

XS
SM
MD
LG