Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи Давлати исломӣ маркази Рамодиро гирифтааст


Бино ба гузоришҳо, ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ қароргоҳи асосии ҳукумати шаҳри Рамодӣ дар ғарби Ироқро ишғол кардаанд. Хабаргузориҳои Франс Пресс ва Ройтерс гуфтанд, ки ин ҷангҷӯён парчами сиёҳашонро дар боми ин бино барафрохтаанд. Ҷангҷӯён шаби 14-уми май бо ҳамлаҳои маргталабона ба маркази шаҳри Рамодӣ расиданд, ки дар онҷо қароргоҳи ҳукумати вилояти Анбор ҷойгир аст. Пештар аз ин мақомоти Ироқ гуфтанд, ки бомбгузорони маргталаб бо тарконидани мошинҳояшон 10 маъмури пулисро куштанд ва 7 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд Рамодӣ маркази вилояти Анбор аст, ки дар онҷо нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ мубориза мебаранд.

XS
SM
MD
LG