Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафир: "Кишоварзии Тоҷикистон ба ислоҳот ниёз дорад"


Сафири ИМА дар Оҷонсиҳои озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Рум сафир Дэвид Лейн мегӯяд, соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ба ислоҳот ниёз дорад. Намояндаи ИМА дар Оҷонсиҳои озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Рум сафир Дэвид Лейн имрӯз дар Душанбе зимни як нишаст аз сафари 4 рӯзааш ба деҳоти Тоҷикистон натиҷагирӣ кард. Мақсад аз ин сафар, арзёбӣ намудани ҳамкории ташкилотҳои озуқаворӣ ва кишоварзии ИМА ва СММ ҷиҳати дастгирии деҳқонон, намояндагони соҳаи тиҷорат ва ҳукумат барои беҳтар намудани сатҳи амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон будааст.,

Сафир Лейн, ки бо ҳамроҳонаш аз навоҳии вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон дидан карданд, гуфт бо сабаби дар муҳоҷират будани мардон ва бекорӣ, 80 дарсади кори заминро дар ин кишвар занон анҷом медиҳанд. Агар занҳо соҳиби замин шаванд, ин боис ба рушди соҳа ва зиёдшавии ҳосил мегардад.

Зимни сӯҳбат бо хабарнигорон, сафир аз натиҷаи мусбии кори лоиҳаҳои грантии ИМА ва СММ нақл кард. Ба гуфтаи сафир, Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби "Обчакорон" дар ноҳияи Румӣ бо бурси USAID таҳти роҳбарии Уғулой Абдуллоева тавонистааст заҳбурҳоро тоза карда, дарвозаҳояшонро таъмир намояд. Ба ин васила 289 хоҷагии деҳқонӣ, ки ҳудуди 3000 га замин доранд, бо об таъмин гардиданд.

Баъди нишаст, сафир Лейн дар сӯҳбат ба хабарнигори Озодӣ гуфт, ки "Тоҷикистон ба ислоҳот дар бахши кишоварзии худ ниёз дорад. Зимни сафари 4 рӯзаи худ ба деҳоти Тоҷикистон ман шоҳиди пешравиҳо ва ҳамзамон чолишҳои рӯ ба рӯи бахши кишоварзии кишвари шумо будам. Дидем, ки деҳқонон чӣ васоилеро истифода мебаранд ва роҳҳои чӣ гуна ба берун баровардани маҳсулоти худро меандешанд. Маҳсулоти онҳо бояд ба нархи беҳтар дар берун харидор пайдо кунад. Кишоварзон ҳам бояд дар ҳамоҳангӣ фаъолият кунанд, то захираҳо дуруст истифода шаванд. Ба он назар ҳастам, ки ҳукумат зарурати сармоягузорӣ ба бахши хоҷагии қишлоқро дарк мекунад. Ташкилотҳои озуқаворӣ ва кишоварзии ИМА ва СММ ҷиҳати дастгирии деҳқонон кӯмак мекунанд, аммо ҳукумати марказӣ дар ин робита бояд нақши асосӣ ё калидиро бозад ва ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳам дастуроти онро амалӣ намоянд."

Дар ин сафар сафир Лейнро панҷ тан рӯзноманигорон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд. Онҳо аз лоиҳаҳои мухталиф, ки таҳти дастгирии ҳукумати ИМА, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (FAO), Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) амалӣ мегарданд, дидан карданд.

XS
SM
MD
LG