Пайвандҳои дастрасӣ

Зоҳир Мирзоев ба ҷои Асрор Одинаев ба кор сар кард


Зоҳир Мирзоев раҳбари нави намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федерасюни Русия рӯзи 15 майи соли 2015 дар Маскав ба кор оғоз кард. Вай дар ин мақом Асрор Одинаевро иваз намуд, ки аз соли 2011 ба ин сӯ дар ин вазифа кор мекард. Зоҳир Мирзоев дастпарвари Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, корномаашро соли 2002 ҳамчун мудири Маркази пуштибонии соҳибкорони шаҳри Душанбе оғоз намуда, сипас сармутахассиси шӯъбаи савдо ва сноати ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ буд. Пеш аз таъин шуданаш ба мақоми раҳбари нави намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федерасюни Русия дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ кор мекард. Забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва чиноиро медонад. Вай дар ҳоле ба ин вазифа таъин мешавад, ки бино бар бӯҳрони иқтисодии Русия муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар бо мушкилоти зиёд рӯбарӯянд.

XS
SM
MD
LG