Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба зидди Толибон амалиёт шурӯъ карданд


Ҳавопаймоҳои артиши Покистон мавзеъҳои Толибонро дар минтақаи кӯҳистонии Вазиристони Шимолӣ бомборон кардаанд. Рӯзи 15-уми май зимни ҳамла ба ҷангалҳои кӯҳистонии дараи Шавол дар ин минтақа 15 ҷангҷӯ кушта шудаанд. Як мақоми покистонӣ гуфтааст, ки артиш “иқдоми бузурги низомиро” шурӯъ кард. Ба гуфтаи сокинони дараи Шавол, тонку сарбозони покистонӣ аз шимолу ҷануб ба ин минтақа наздик мешаванд. Толибони Покистон то моҳи июни соли 2014 тақрибан ҳамаи минтақаи Вазиристони Шимолиро дар даст доштанд, вале баъди амалиёти низомии артиш, ба ғайр аз дараи Шавол, дигар қисматҳои онро аз даст доданд. Толибон ин дараро барои паноҳгоҳ ва ҷойи тарҳрезии ҳамла ба дигар гӯшаҳои Покистон истифода мекунанд. Толибони Покистону Афғонистон идеология ягона доранд ва алоҳида фаъолият мекунанд.

XS
SM
MD
LG