Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама ба кишварҳои арабӣ итминон дод


Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ба ҳампаймонҳои кишвараш дар Халиҷи Форс қавл дод, ки Амрико онҳоро аз ҳамлаҳои хориҷӣ муҳофизат мекунад ва ба онҳо дар муқобила бо “фаъолиятҳои нооромкунандаи” Эрон дар минтақа кӯмак мерасонад. Баъди мулоқот бо раҳбарони шаш кишвари узви Шӯрои Ҳамкориҳои Халиҷ дар қароргоҳи Кемп Дейвид дар наздикии Вашингтон Барак Обама, саъй кард, нигарониҳои ин кишварҳои арабиро фӯру нишонад, ки аз нуфузи афзояндаи Эрон ва ҷангҳои ғайримустақимаш дар Сурияву Яману Ироқ ва дигар ҷойҳо нигарон ҳастанд. Барак Обама дар нишасти хабарӣ дар рӯзи 14-уми май гуфт, “Ман ба аҳди қотеъонаи мо барои муҳофизати амнияти ҳампаймонҳоямон дар Халиҷ таъкид мекунам. Иҷоза диҳед, таъкид кунам, ки азми Амрико қавист.” Барак Обама ҳамчунин ба раҳбарони кишварҳои арабӣ гуфт, ки ҳаргуна созиши атомӣ бо Эрон барои маҳдуд кардани фаъолиятҳои ҳастаии он буда ва ба манфиати минтақа аст ва на бар зарари он.

XS
SM
MD
LG