Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чину Тоҷикистон машқҳои тактикӣ-низомӣ доир мекунанд


Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода (аз чап) бо раиси Хадамоти амнияти Чин Менг Ҷянжу (Акс аз бойгонӣ)
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода (аз чап) бо раиси Хадамоти амнияти Чин Менг Ҷянжу (Акс аз бойгонӣ)

Тоҷикистон ва Чин сари баргузории тамринҳои муштараки тактикӣ-низомии зиддитеррористӣ байни мақомоти корҳои дохилии ду кишвар дар шароити кӯҳсор, тавофуқ карданд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин масаъала рӯзи 14 май дар Душанбе зимни мулоқоти генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати намояндагони Чин таҳти роҳбарии муовини сардори Раёсат оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятии Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин Ма Вэйя дар шаҳри Душанбе баррасӣ шудааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин мулоқот Нақшаи машқҳои муштараки тактикӣ-низомии зиддитеррористӣ дар шароити кӯҳсор, ки аз ҷониби вазирони ҳарду ҷониб тасдиқ гардид, ба имзо расидааст. Машқҳои муштараки тактикӣ-низомии зиддитеррористӣ дар шароити кӯҳсор байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин, дар ояндаи наздик баргузор мешавад.

Бадахшони Тоҷикистон бо вилояти ӯйғурнишини Шинҷони Чин марзи муштарак дорад. Вилояти Шинҷон, ки аҳолии он мусалмонон мебошанд, дар гузашта борҳо шоҳиди нооромиҳо будааст. Ҳукумати марказии Чин дар ин авохир сиёсатҳои саркӯбгаронаи худро дар ин минтақа бештар кардааст. Пекин фаъолон ва гурӯҳҳои мухолифи ӯйғуртаборро ба ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ муттаҳам мекунад.

XS
SM
MD
LG