Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тағйироти кадрӣ дар "Чашма" ва "Фирӯза"


Дар пайи тағйироти кадрӣ дар Вазорати фарҳанг, сардабирони маҷаллаҳои "Чашма", "Хорпуштак" ва "Фирӯза" иваз шуданд. Масъулони дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг рӯзи 15 май бо тасдиқи ин хабар ба "Озодӣ" гуфтанд, бо фармони вазир Шамсиддин Орумбекзода, Халифабобо Ҷумъазода сардабири маҷаллаи "Чашма" таъин шудааст.

Ҷаноби Ҷумъазода, дар ин симат Камол Насруллоро иваз кард. Ҷумъазода то таъин шудан ба ин мақом сармуҳаррири рӯзномаи "Анбоз" буд.

Ҳамчунин Ашрафи Афзал, ки қаблан дар рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" фаъолият дошт, сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвӣ ва танқидии "Хорпуштак" таъин гардид. Ҷаноби Афзал дар ин мақом Садриддин Ёровро иваз кард.

Зулфия Атоӣ, сармуҳаррири маҷаллаи бонувон "Фирӯза" ба сабаби ба синни нафақа расидан аз вазифаи сармуҳаррирӣ барканор ва ба ҷои вай Саодат Ятимова таъин шуд. Саодат Ятимова, то кунун дар маҷаллаи "Тоҷикистон" фаъолият мекард.

XS
SM
MD
LG