Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъини фармондеҳи нави пойгоҳи 201


Денис Лямин, полковник ё сарҳанги Вазорати дифои Русия, фармондеҳи нави пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон таъин шуд ва дар ин мақом Евгений Туболро иваз намуд. Денис Ляминро ба ҳарбиёни рус дар Тоҷикистон фармондеҳи Марказии ҳавзаи ҳарбӣ генерал-полковник Владимр Заруднитский муаррифӣ кардааст.

Хабаргузории "Интерфакс" навиштааст, ҳангоми муаррифии фармондеҳи нав Заруднитский дар ситоиши ӯ гуфтааст, "полковник Лямин таҷрибаи ғании ҳарбӣ дорад ва тамоми зинаҳои кор дар ин соҳаро гузаштааст ва қаблан дар Тоҷикистон низ кор кардааст."

Денис Лямин соли 1979 дар Слутскии Белорус дар хонаводаи марди ҳарбӣ таваллуд шудааст. Фориғуттаҳсили омӯзишгоҳи танкии Челябинск бо медали тило буда, соли 2007 дипломи умумиҳарбии нерӯҳои мусаллаҳи Русияро гирифтааст. Ҳамсар ва ду фарзанд дорад.

XS
SM
MD
LG