Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи қадимтарин "канал"-и дунё дар Панҷакент


Бостоншиносони тоҷик дар ноҳияи Панҷакент хатти интқолдиҳандаи об ё худ каналеро пайдо карданд, ки қадимтарин ва беназиратрин дар ҷаҳон дониста мешавад. Ҳоло бостоншиносони тоҷик 4 километри ин хатро, ки то марзи Узбакистон мерасад, пурра кашф карда, барои идомаи таҳқиқ мунтазири иҷозаи ҷониби кишвари ҳамсоя ҳастанд. Ин хат, ки ба қавли бостоншиносон ҳанӯз се ҳазор сол қабл сохта шудааст, аз саргаҳи рӯди Зарафшон то Самарқанд мерасидааст ва зоҳиран оби ин рӯдхонаро барои обёрии заминҳои атрофи шаҳри қадимии тоҷикон истифода мекардаанд.

Абдурауф Раззоқов, раҳбари гурӯҳи бостоншиносони Саразм дар ноҳияи Панҷакент, 15 май ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин каналро тариқи кандани ҳандақҳои санҷишии археологӣ маълум кардем.” Ба гуфтаи ӯ, паҳнои ин хатти интиқолдиҳандаи об аз 3,5 то 4 метр расида, дарозияш то Самарқанд ҳудуди 50 километрро ташкил медиҳад.

“Мо ҳоло 4 километри онро, ки то сарҳади Узбакистон мерасад, пурра кашф кардем ва бояд бо ҳамтоёни узбаки худ барои таҳқиқи идомаи ин канал машварат кунем. Дар болооби рӯдхонаи Зарафшон ҳамчунин садде бунёд карда будаанд, ки ин об боло барояд ва аз ин ҷо бе ҳеҷ мушкил то заминҳои атрофи Самарқанд оби Зарафшон мерасидааст. Ин бозёфти хеле нодир маҳсуб меёбад. Умедворем, ки бо ҳамкорони узбакистонии худ инро то охир таҳқиқ хоҳем кард,”- афзуд Абдурауф Раззоқов.

Ба гуфтаи бостоншиносон, ин канали обгузар аслан барои обёрии заминҳои шаҳраки қадимии Саразм ва заминҳои атрофи шаҳри бостонии тоҷикон Самарқанд истифода мешудааст. Абдурауф Раззоқов, раҳбари гурӯҳи бостоншиносони шаҳри қадимии Саразм мегӯяд, кашфи ин канали обрасон далели он аст, ки гузаштагони тоҷикон ҳанӯз ҳазор соли пеш аз милод, яъне се ҳазор сол пеш кишоварз буданд ва муҳимияти обёрии заминҳоро ба хубӣ дарк мекардаанд. Кашфи ин канали обрасон аз Панҷакенти қадим то Самарқанд дар ҳолест, ки солҳои 30-уми асри гузашта дар ин ноҳия шаҳри қадимии Саразмро кашф карданд, ки наздики 5 ҳазор сол таърих дорад. Гурӯҳи бостоншиносон то ҳанӯз харобаҳои шаҳри Саразмро, ки зери хок мондаанд, ҷустуҷӯ ва омӯзиш мекунанд. Ёдгории Саразм аз камтарин ёдгориҳои таърихӣ дар Тоҷикистон аст, ки шомили ёдгориҳои зери назари созмони фарҳангии ЮНЕСКО қарор дорад.

XS
SM
MD
LG