Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Китоби дарсии “Таърихи дин” омода мешавад


Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи назди Академияи улуми Тоҷикистон бо дастури Вазорати маорифи кишвар ба таҳияи китоби нави дарсии “Таърихи дин” барои мактабҳои ҳамагонӣ шуруъ кард ва қарор аст, он то 1 сентябри соли равон ба дасти мактабиён расад. Шарифмурод Исрофилниё раиси ин пажуҳишгоҳ рӯзи 14 май ба радиои Озодӣ гуфт исломшиносони Академияи улуми Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф бо ташкил додани як гурӯҳи таҳқиқотӣ ба таҳияи китоби дарсии “Таърихи дин” барои мактабҳои миёна оғоз намуданд. Вай гуфт ин китоби дарсӣ бояд то 1 уми сентябри соли равон омода шуда, баъд аз тасдиқи Вазорати маориф ба табъ хоҳад расид. Вай меафзояд, китоби мазкур барои синфҳои 9 тавсия дода хоҳад шуд. Раҳбари Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи назди Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфт, бахши асосии китоби нави дарсӣ ба ислом ихтисос ёфта, дар баробари он ба шакли мухтасар дар бораи дину мазҳабҳои дигар низ маълумот дода мешавад.Дар соли 2010 Вазорати маъорифи Тоҷикистон як китоби дарсӣ таҳти унвони "Маърифати ислом"омода барои мактабҳои миёна ҷорӣ кард. Вале ду сол баъд дар моҳи январи соли 2011 ба ҷои "Маърифати ислом" дарси "Таърихи халқи тоҷик" гузошта шуд. Баъдтар Вазорати маориф шарҳ дод, ки таълими фанни мазкур бар асоси китоб сурат нагирифт ва ва муаллимон аз рӯйи як дастурамале, ки вазорат барояшон таҳия карда буд, аз манбаъҳои мухталиф ба хонандагон таълим медоданд.

XS
SM
MD
LG