Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори EBRD аз таъсири бӯҳрони Русия


Банки аврупоии бозсохт ва рушд (EBRD) рӯзи панҷшанбе гуфт, таъсири бӯҳрони иқтисодии Русия ба кишварҳои пасошӯравӣ аз тахминҳои пешина дида сахттар хоҳад буд ва дар соли 2016 низ идома хоҳад кард. Бӯҳрон рушди иқтисодии Русияро суст мекунад ва ҷои кор барои муҳоҷирон, дар ин замина даромади онҳо кам мешавад. Ба ин сабаб бозгашти счадҳо ҳазор муҳоҷир ба Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон, ба ақидаи EBRD “ба мушкили воқеии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ табдил хоҳад ёфт”. Рушди иқтисод дар Озарбойҷон ва Қазоқистон 1,5 ва дар Арманистон то 2,5 дарсад кам хоҳад шуд. Бонк мегӯяд, асари бӯҳрон ҳатто дар ду ҷумҳурии собиқи Шӯравӣ – Гурҷистон ва Молдова, ки равобиташон бо Маскав камтар аст, таъсир хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG