Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон тавони муқобилиятро дорад


Сироҷиддин Аслов
Сироҷиддин Аслов

14 май Сироҷиддин Аслов-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон зимни суханони худ дар конфронси Шӯрои омӯзиши равандҳои ҷаҳонӣ дар Деҳлии Ҳиндустон гуфт, ки фаъол шудани тундравҳои Толибон дар манотиқи назди марзии Тоҷикистон дар Афғонистон нигаронии мақомоти расмии Душанберо ба бор овардааст.

Хабаргузории “Интерфакс”-и Русия мегӯяд, ки матни суханронии С. Асловро вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар ихтиёри матбуот қарор додааст.

Бо вуҷуди нигаронӣ оқои Аслов гуфтааст, ки Тоҷикистон тавони муқобилият бо ҳар гуна хатари хориҷиро дорад ва ба Толибону созмонҳои дигари террористӣ имкон нахоҳад дод, ки ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шаванд.

XS
SM
MD
LG