Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушдил Қурбонов 50000 долларро баргардонд


Хушдил Қурбонов, хонандаи мактаби байналмилалии Душанбе, ки худро Сомони Эмомалӣ - писари хурдии раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ карда, даст ба қаллобӣ задааст, зарари расонидаашро барқарор кардааст ва тибқи қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод мешавад.

Яке аз муфатишони парвандаи Хушдил Қурбонов, хонандаи мактаби байналмилалии Душанбе дар Оҷонсии мубориза зидди коррупсия 14 май ба радиои Озодӣ гуфт Хушдил Қурбонов ҳамаи зараре, ки бо роҳи қаллобӣ ба сокинони ҷумҳурӣ расонидааст барқарор кард ва тибқи қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад.

Вай гуфт ба хусус 50 ҳазор долларе, ки аз шаҳрванд Маҳамадризо Раҷабов бо ваъдаи ҷудо кардани 0,30 гектар замин аз ҳудуди ҷамоати Чимтеппа дар ноҳияи Рӯдакӣ ба даст оварда буд, баргардонидааст.

Оҷонсии зидди коррупсия мегӯяд Хушдил Қурбонов бо моддаи 247 қисми 4 “қаллобӣ” Кодекси ҷиноӣ айбдор дониста мешуд.

Муфаттиши парванда мегуяд, Қурбонов қатъи назар аз иттиҳом боздошт нашуда, дар озодӣ ба сар мебурд.

Хушдил Қурбонов ба он муттаҳам мешуд, ки худро писари хурдии раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ карда, соли 2014 ҳамроҳ бо хешовандаш - Ҷӯрахон Холов боварии шаҳрванд Маҳамадризо Раҷабовро ба даст оварда, бо ваъдаи ҷудо кардани 0,30 гектар замин аз ҳудуди ҷамоати Чимтеппа дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ӯ 50 000 доллар гирифта буд.

XS
SM
MD
LG