Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро куштанд


Вазорати дифои Ироқ гуфт, нафари дуввум дар раҳбарияти гурӯҳи Давлати исломӣ дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои эътилофи ба раҳбарии Амрико дар шимоли Ироқ кушта шудааст. Ба гуфтаи мақомот, Аҳмад Абдулраҳмон Мустафо Аҳмад, ҳамроҳ бо даҳҳо ҷангҷӯёни дигар дар вилояти Найнаво кушта шудааст. Рӯзи 5-уми май ҳукумати Амрико гуфт, ҳар касе, ки дар бораи чаҳор раҳбари гурӯҳи Давлати исломӣ, иттиллои арзишманд диҳад, 20 миллион доллар подош мегирад.

XS
SM
MD
LG