Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти тоҷик дар Молдова бо гумони терроризм


Як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ дар Молдова боздошт шудааст. Мақомоти Молдова мегӯянд, ин шахс дар урдугоҳҳои махсус ҳамроҳ бо тундгароёни исломӣ тамрин дида, бо иттиҳоми терроризм аз Туркия ихроҷ гаштааст. Аз ӯ ва як ҳамроҳаш, ки шаҳрванди Русия будааст, сарулибоси ҳарбӣ, василаҳои мухобиротӣ вак миқдори зиёди адабиёти таблиғотии исломӣ мусодира шудааст. Эҳтимол мераванд ин афрод ба Тоҷикистон ва Русия истирдод шаванд.

XS
SM
MD
LG