Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақоми 81-уми Тоҷикистон дар зарфияти ҳарбӣ


Тоҷикистон аз лиҳози омодагӣ ва тавононии нерӯҳои мусаллаҳаш дар байни 126 кишвар ва қаламрав ҷойи 81-уми гирифт.

Бино бар раддабандии Global Firepower Тоҷикистон аз лиҳози омодагӣ ва тавононии нерӯҳои мусаллаҳаш дар байни 126 кишвар ва қаламрав ҷойи 81-уми гирифт. Дар ин арзишёбӣ танҳо зарфиятҳои ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳо, амалкарди онҳо дар хушкӣ, баҳр ва ҳаво, захираҳои иқтисодӣ ва мавқеъгири ҷуғрофиёӣ ба назар гирифта шуда, доштани аслиҳаи ҳастаӣ ва таслиҳоти пешрафта меъёр шумурда намешавад.

Аз давлатҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон танҳо аз Туркманисто (мақоми 90-ум) бартарӣ ёфта, Узбакистон ҷои 54-ум, Қазоқистон 66, Қирғизиситон ҷои 78-умро гирифтаанд.

Муаллифони пажӯҳиш гуфтаанд, азбаски барои аксари давлатҳо омори ҳарбӣ сирри давлатӣ шумурда мешавад, дар баъзе аз мавридҳо баҳогузории тахминӣ сурат гирифтааст. Бино бар маълумоти Global Firepower 4 миллион нафар аз 8 миллион аҳолии Тоҷикистон омодаанд, ба ҳимояи кишвари худ бархезанд.

XS
SM
MD
LG