Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргузашти Исо Раҳим - журналист ва публисисти тоҷик


Исо Раҳим

Исо Раҳим

Исо Раҳим, журналист ва публисисти маъруф, узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар сини 75 – солагӣ бар асари беморӣ аз олам даргузашт. Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва раҳбари медиа гурӯҳи “Чархи Гардун” рӯзи чоршанбеи 13 май зимни арзи тасаллияту ҳамдардӣ аз даргузашти Исо Раҳим, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ саҳми ин журналист ва публисисти саршиноси тоҷикро дар рушди адабиёту фарҳанги Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард. Ба таъкиди ҷаноби Саттор, "дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта -даврони авҷи рушди саноати Тоҷикстон шодравон Исо Раҳим ба ҳайси хабарнигор, мудири шӯъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият») бо очерку мақолаҳои пурмӯҳтаво ба дили хонанда роҳ ёфт, ки хати сурхи эҷодиёти Исо Раҳимро – инсон ва корномаи меҳнатии ў ташкил медод.”

Ба гуфтаи ҷаноби Саттор, “ашъори дилангези Исо Раҳим нерӯи созандагӣ, раванди эҳёи ҳаёти деҳот, шуҷоату мардонагии коргару деҳқонро васф мекард ва чун мураббӣ ва устоди журналистика ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастиву поккорӣ тарбия мекард.”

Зимнан, марҳум Исо Раҳим, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, дорандаи медали Аълочии матбуоти ҷумҳурӣ ва Корманди шоистаи Тоҷикистон буданд. «Ситорапар», «Шираи борон», «Хокдони ишқ» ва ғайра аз маҷмӯаи ашъори Исо Раҳим буда ва дар зарфи бештар аз 40 соли фаъолияти журналистӣ дар рўзномаҳо, ба хусус «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») зиёда аз ҳазор мақолаву очерк ва фелетонҳо навиштааст.

Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аҳли эҷоди гурӯҳи расонаии «Чархи гардун» ва “Радиои Озодӣ” нисбати даргузашти журналист ва публисисти шинохта – Исо Раҳим изҳори тассалияту ҳамдардӣ намуда ва ба пайвандонаш сабру ҷамил хоҳонанд.

Дар ҳамин ҳол маросими ҷанозаи марҳум Исо Раҳим, зуҳри имрӯз, чоршанбеи 13 май дар деҳаи Муғулони ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG