Пайвандҳои дастрасӣ

Навоз Шариф: Амалиёти муштарак зарур аст


Ашраф Ғанӣ ва Навоз Шариф

Ашраф Ғанӣ ва Навоз Шариф

Навоз Шариф, нахуствазири Покистон гуфт, ки Исломобод ва Кобул бояд амалиёти ҳамоҳангшуда алайҳи ситезаҷӯён дар ду тарафи марзро шурӯъ кунанд. Изҳороти ӯ рӯзи 12 май дар нишасти хабарии муштарак бо раисиҷумҳури Афғонситон Ашраф Ғанӣ дар Кобул садо дод.

Ҳайати расмии Покистон, ки ба он фармондеҳи артиши Покистон генерал Роҳил Шариф ва раиси Хадамоти кашфи Покистон генерал Ришвон Ахтар ҳам шомиланд, рӯзи сешанбе ба Кобул омад.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар музокироти Кобул мулоқоти ахири мустақим миёни ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши “Толибон” дар шаҳри Доҳаи Қатар ҳам баҳсу баррасӣ шуд. мешавад. Толибон барои музокирот бо ҳукумати Афғонистон розӣ шуданд, аммо чанд шарт, аз ҷумла, хурӯҷи нерӯҳои боқимондаи хориҷӣ аз Афғонистонро, ба миён гузоштанд.

XS
SM
MD
LG