Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 12 май, пеш аз бозии «Истиқлол»-и Тоҷикистон бо тими “Аҳал”-и Туркманистон дар шаҳри Душанбе нишасти хабарӣ доир шуд.

Пеш аз бозии «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар даври охирини сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-2015 бо тими Аҳал”-и Туркманистон рӯзи сешанбеи 12 май дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Шератон”-и Душанбе нишасти хабарӣ доир шуд.

Дар ин нишаст Мубин Эргашев, сармураббии «Истиқлол», ба хабарнигорон дар бораи бозии охирини дастааш дар сабқати гурӯҳи “С” бо тими “Аҳал” чунин гуфт: Мо бозии шавқоварро интизорем. Чунон ки қаблан гуфта будем, ҳама чиз дар бозии охирин, яъне фардо ҳал мешавад. Ҳамаи бозигарони мо саломатанд, ба бозӣ омодаанд. Мутаассифона, ба иллати гирифтани кортҳои барзиёди зард дар ин бозӣ капитани даста Дилшод Восиев иштирок карда наметавонад. Мо умедворем, ки варзишгоҳ пур аз мухлисон мешавад ва мекӯшем, ки бозии хуб нишон диҳем ва натиҷаи зарурӣ ба даст биёрем”.

Дар ин нишаст Борис Григорянс, сармураббии «Аҳал», чунин ибрози назар кард:Ман бозии аълои «Истиқлол»-ро дар Ашқобод қайд карданиам. Ман аз бозии душанбегиҳо дар ҳайрат мондам. Онҳо тӯбро моҳирона идора мекарданд, тактикаи хуб нишон доданд, умуман дар Ашқобод олӣ бозӣ карданд. Мо ду бор бо «Ал-Қодсия» ва ду бор бо «Эрбил» рақобат кардем, вале ман чунин бозиеро, ки “Истиқлол” нишон дод, надидам. Дар бозие, ки фардо барпо мегардад, мо як вазифа дорем – пирӯз шудан. Вале ин бе розигии Худо намешавад”.

Ёдовар мешавем, бозии даври шашуми сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 байни «Истиқлол» ва «Аҳал» шаби чоршанбеи 13 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад. Дар бозии дигари гурӯҳи “С” “Ал-Қодсия”-и Кувайт дар майдони худ бо “Эрбил”-и Ироқ рақобат мекунад. Ҳарду бозӣ дар як вақт - соати 20:45 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Баъди натиҷагирии панҷ даври сабқати интихобӣ дар гурӯҳи “С” дастаи “Ал-Қодсия” бо 10 имтиёз ((таносуби тӯбҳояш - 6-4) пешсаф аст. “Истиқлол” бо 8 имтиёз (таносуби тӯбҳояш - 7-6) дар ҷойи дуюм ва “Аҳал” бо 6 имтиёз (5-9) дар ҷои сеюм қарор доранд. “Эрбил” бо 4 имтиёз (6-7) дар ҷойи охирин - чорум - мебошад.

Ба ин тартиб, “Ал-Қодсия”, барандаи Ҷоми AFC-2014, пешакӣ ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтааст. Кувайтиҳо, ки дар даври охирини сабқати гурӯҳӣ дар майдони худ бо «Эрбил» бозӣ мекунанд, барои ҷойи аввал дар гурӯҳи “С” мубориза мебаранд. Вале “Эрбил” сарфи назар аз натиҷаи бозиҳои даври охирин аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Барои роҳхати дувум ба даври ҳаштякниҳоӣ “Истиқлол” ва “Аҳал” талош мекунанд. Ба “Истиқлол” барои ба ҳаштякфинал баромадан бозии охиринро бо “Аҳал” мусовӣ кардан басанда аст. Ва аммо футболбозони тоҷик имкони дар гурӯҳ ғолиб шуданро низ доранд, ба шарте ки “Аҳал”-ро шикаст диҳанд ва кувайтиҳо бозиро бо ироқиҳо мусовӣ кунанд ва ё бой диҳанд.

Ҷоми АФК-2015. Гурӯҳи "С"

Даври 1-ум

25 феврал (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Эрбил» (Ироқ) – 1-3

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Аҳал» (Туркманистон) – 2-0

Даври 2-юм

11 март (чоршанбе)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 1-2

«Эрбил» (Ироқ) – «Ал-Қодсия» (Кувайт) - 0-1

Даври 3-юм

18 март (чоршанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 2-2

«Аҳал» (Туркманистон) – «Эрбил» (Ироқ) - 2-1

Даври 4-ум

15 апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)-2-0

«Эрбил» (Ироқ) – «Аҳал» (Туркманистон) -2-3

Даври 5-ум

29 апрел (чоршанбе)

«Эрбил» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 0-0

«Аҳал» (Туркманистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт) – 0-1

Даври 6-ум

13 май (чоршанбе)

Оғози бозиҳо – соати 20:45

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Эрбил» (Ироқ)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG