Пайвандҳои дастрасӣ

Тафтиши ногаҳонии нерӯҳои СПАД


Бо қарори Шӯрои амнияти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) рӯзи 12 май тафтиши ногаҳонии нерӯҳои кишварҳои узв оғоз ёфт, ки бо размоишҳои муштарак дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад. Барои ширкат дар ин тамринҳо гурӯҳҳои 100-нафарии нерӯҳои Арманистон, Беларус, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон бо ҳавопаймо ба қаламрави Тоҷикистон интиқол дода мешаванд. Онҳо ҳамроҳ бо худ то 20 адад аз техникаи ҳарбиро ба Тоҷикистон интиқол хоҳанд дод. Бархилофи размоишҳои гузаштаи СПАД ин бор чунин машқ бидуни огаҳии пешакӣ сар шуд ва дараҷаи омодагии кишварҳои узвро дар ҳолатҳои изтирорӣ ба намоиш хоҳад гузошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG