Пайвандҳои дастрасӣ

Муаррифии "Путин.Ҷанг"- охирин гузориши Немтсов


Дар қароргоҳи ҳизби РПР-ПАРНАС дар Маскав гузориши "Путин. Ҷанг" дар бораи ширкати нерӯҳои Русия дар Донбасс муаррифӣ шуд.

Дар ин гузориш, ки сиёсатмадори маъруф Борис Немтсов қабл аз куштораш ба навиштани он шурӯъ карда буд, аз ҷумла, омадааст, ки моҳҳои январ ва феврали соли равон дар ҷангҳои канори шаҳри Дебалтсовои вилояти Донетск тақрибан 70 афсару сарбози рус ба ҳалокат расидаанд. Моҳи августи соли гузашта бошад, дар муқовимат ба ҳамлаи густурдаи артиши Украина дар канори Иловайск дасти кам 150 низомии рус кушта шуда буд.

Дар гузориши «Путин. Ҷанг» гуфта шудааст, ки барои амалиёти низомӣ дар шарқи Украина дар даҳ моҳ аз буҷаи Русия 53 миллиард рубл харҷ шудааст. Бино ба гузориш, нисфи ин маблағ барои пуштибонӣ аз ҳукуматҳои худхондаи Донетск ва Луҳанск ва нисфи дигар барои таъминоти ҷудоихоҳон ва таъмири техникаи низомӣ сарф шудааст.

Борис Немтсов, шоми 27 феврал дар канори Кремли Маскав дар ҳоле кушта шуд, ки ҳамроҳ бо модели украинӣ Анна Дуритская тарафи манзилаш мерафт. Мақомоти Русия мегӯянд, ки ӯ аз сӯи исломгароҳои чечен барои пуштибонӣ аз нашри тасвири танзомези Паёмбари ислом дар маҷаллаи фаронсавии “Шарлӣ Эбдо” кушта шудааст. Вале ин фарзияро ҳаммаслакони Немтсов қабул надоранд ва дар ин куштор Кремлро айбдор мехонанд.

XS
SM
MD
LG