Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане бо қаллобӣ $1 млн.-ро аз худ кардааст


Мақомоти пулиси Суғд мегӯянд, алайҳи зане, ки бо ваъдаи додани фоидаи зиёд беш аз 50 миллион рубли русӣ (ҳудуди 1 миллион доллар)-и сокинонро аз худ кардааст, бар асоси моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” парванда бозшуда, таҳқиқ идома дорад. Дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Суғд, 12 май гуфт, ин зани 44-сола зодаи ноҳияи Зафаробод буда, охири моҳи гузашта дар пайи шикояти сокинони фиребхӯрда боздошт шудааст.

"Тибқи тафтиши пешакӣ, маблағҳои аз сокинон ҷамъовардаи он зан 20 милллион рубли русӣ, (ҳудуди 300 ҳазор доллар) буд, ҳоло ба 50 миллион рубл расид,"-афзуд манбаъ.

Бархе аз сокинони фиребхӯрда ба маъмурони пулис гуфтаанд, ки ин зан қаблан дар намояндагии яке аз бонкҳо дар Зафаробод кор мекард ва аз ин рӯ ҷамъоварии пул аз сокинон барояш осон афтодааст. “Он хонум ба сокинон ваъда медодааст, ки ба 100 ҳазор рубли русие, ки ба “бонк”-и вай мегузоранд, ҳар моҳ 1 ҳазор сомонӣ фоида медиҳад. Бисёр сокинон ба ин ҳарфҳояш бовар карда, маблағҳои худро ба дасти ӯ медиҳанд. Вале он зан баъди ҷамъ кардани маблағҳои ҳангуфт эълон мекунад, ки қурби пули русӣ паст рафтаву дигар наметавонад ба сокинон пулҳояшонро баргардонад,”-мегӯянд дар дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Суғд.

XS
SM
MD
LG