Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Непал рӯзи 12 май боз заминларзаи шадид рӯй дод. Хадамоти назорати геологии ИМА рӯзи сешанбе хабар дод, ки маркази зилзилаи нерӯяш 7,1 дараҷаи Рихтер дар 68-километрии ғарби минтақаи Навчӣ Бозор, воқеъ дар байни шаҳри Катманду ва кӯҳи Эверест воқеъ буд.

Ларзиши замин дар шаҳри Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон, ҳамчунин дар Афғонистон ва Чин ҳам эҳсос шуд.

Дар бораи харобиҳо аз зилзилаи нав то ҳол иттилоъ нарасидааст. Бар асари заминларзаи мудҳиш, ки рӯзи 25 апрел дар Непал ба вуқӯъ пайваста буд, беш аз 8 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, беш аз 17800 нафар маҷрӯҳ шуданд. Нерӯи заминларза 7,8 дараҷаи Рихтер буд.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки аз 28 миллион аҳолии Непал 8 миллион нафар дар натиҷаи мудҳиштарин заминларзаи тақрибан сад соли ахир дар ин кишвар кишвар осеб дидаанд ва барои онҳо тақрибан 2 миллион хайма, обу ғизо ва доруворӣ лозим аст. Бар пояи хабарҳо, СММ талош дорад то барои кӯмак ба осебдидагон дар Непал беш аз 300 миллион доллар ҷамъ оварад ва аммо то ҳол каме бештар аз 20 миллион долларро дарёфт кардасту халос.

XS
SM
MD
LG