Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди Убайдуллоев аз таваққуфи мусофирбарҳо


Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аз таваққуфи зиёди мусофирбарҳо дар пойтахт шадидан нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, "то ҳанӯз таваққуфи беруназмеъёрии воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ, бахусус автобус ва троллейбусҳо дар истгоҳҳо ба мушоҳида мерасанд, ки боиси нороҳатии мусофирон гардида, ба танбашавии воситаҳои нақлиёт сабаб мешаванд."

Оқои Убайллоев дастур додааст, муовини раиси шаҳр Низом Ҳакимов дар ҳамкорӣ бо фаъолони Фейсбук барои рафъи ин мушкил ва ҳамчунин роҳандозии либоси ягонаи ронандагону "кондуктор"-он чора биандешад.

XS
SM
MD
LG