Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъномаи нави Амрико ва хоҳишаш аз Эрон


Сенати Иёлоти Муттаҳида қатъномае тасвиб кард, ки дар он аз мақомҳои эронӣ хоста шудааст, се шаҳрванди зиндонии ин кишварро озод карда ва барои пайдо намудани нафари чаҳорум ҳамкорӣ бикунанд. Ин қатънома хостори озодии Амир Ҳукуматӣ, Ҷейсон Ризоиён ва Саид Обидайнӣ аст ва аз Теҳрон мехоҳад, кумак кунад, то Амрико тавонад Роберт Луинсон, маъмури пешини FBI-ро, ки дар Эрон нопадид шудааст, биёбад. Ҳамаи сенаторони ҳозир дар ин маҷлис ба ин қатънома раъйи мусбат додаанд.

XS
SM
MD
LG