Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Кашмири Ҳинд 23 нафар ҳалок шуданд


Мақомоти пулис мегӯянд, дар натиҷаи афтодани як автобуси мусофирбар ба ҷарии амиқе дар вилояти Кашмири таҳти контроли Ҳинд 23 нафар ҳалок шудаанд. Фоҷиа рӯзи 11-уми май ба вуқӯъ пайвастааст. Дониш Рано, пулиси вилоят гуфт, зоҳиран ронандаи автобус дар як хамии роҳ, назорати автобусро аз даст додааст. Дар ин фалокат 23 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Автобуси мусофирбар аз шаҳри Утампур ҳаракат карда ва дар рустои Маротӣ ба ҷарӣ афтодааст. Ин русто дар 200 километрии ҷануби шаҳри Сринагар, маркази маъмурии вилояти Кашмири таҳти контроли Ҳинд ба вуқӯъ пайвастааст. Вилояти мазкур байни Покистону Ҳинд тақсим шудааст ва ҳарду бар сари он даъво доранд.

XS
SM
MD
LG