Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили 100-солагии гурӯғлисарои тоҷик дар Бохтар


Ҳукумати ноҳияи Бохтар, тасмим дорад, ки ҷашни 100-солагии зодрӯзи Ҳақназар Кабут, хонандаи достонҳои эпоси гурӯғлиро дар ин минтақа баргузор кунад. Сафар Ҳалимов, раиси Қасри фарҳанги ноҳияи Бохтар рӯзи душанбеи 11 май зимни сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки қарор аст ҷашни 100-солагии зодрӯзи гурӯғлисарои саршинос Ҳақназар Кабут ба таърихи 15 май сурат бигирад, ки дар ин маҳфил мақомоти давлатӣ, фарҳангиён ва меҳмонон ширкат хоҳанд кард. Ҷаноби Ҳалимов мегӯяд, бо ҷашнгирии зодрӯзи ин гурӯғлисарои тоҷик, мехоҳанд, то ин жанри қариб ба нестӣ рафтаро дубора зинда карда, ҷавононро дар ин ҷода ташвиқ намоянд. Ин ҳам дар ҳоле, ки бо вуҷуди он, ки гурӯғлӣ моли тоҷикон нест, аммо дар тӯли таърих ба фолклори мардуми тоҷик ворид шуда ва гурӯғлисароёне, назири Ҳикмат Ризо, Қурбоналӣ Раҷаб ва ғайра ба майдон омаданд.

XS
SM
MD
LG