Пайвандҳои дастрасӣ

ССКА «Помир»-и Душанбе дар бозии охирини даври панҷуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон дар меҳмонӣ бар «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд.

ССКА «Помир»-и Душанбе дар бозии охирини даври панҷуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки рӯзи якшанбеи 10-уми май дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд, бар тими мизбон - «Парвоз» - бо ҳисоби 1-0 ғалаба кард. Ин аввалин пирӯзии ССКА “Помир” дар сабқати имсолаи лигаи олӣ мебошад. Тӯбро ҳамлагар Бузургмеҳр Рахмоналиев дар дақиқаи 83-юм ба ҳадаф расонд.

Ёдовар мешавем, чор бозии даври панҷуми сабқати лигаи олии Тоҷикистон рӯзҳои 8-9-уми май баргузор шуда буд. “Истиқлол”-и Душанбе 8 май дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бар тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби бузурги 6-1 ғалаба кард.

Шоми 9-уми май се бозии дигари даври панҷум натиҷагирӣ шуд. «Хайр»-и Ваҳдат бар тими меҳмон - «Барқи тоҷик»-и Душанбе бо ҳисоби 4-2 ғолиб омад. “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ аз тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд. «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар меҳмонӣ бозиро бо тими “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан бо ҳисоби мусовии 1-1 анҷом дод.

Ба ин тартиб, «Истиқлол», ки паиҳам панҷ ғалаба ба даст овардааст, мисли пешин дар ҷадвали мусобиқа бо 15 имтиёз дар ҷойи аввал қарор гирифтааст.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум

8 май (ҷумъа)

«ИСТИҚЛОЛ» —«РАВШАН» — 6:1

Голҳо: Ҳусейни Сӯҳробӣ, 21 (0:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 41 (1:1). Сиёвуш Асроров, 44 (2:1). Дилшод Восиев, 49 (3:1). Зиёвуддин Фозилов, 52 (4:1). Ромиш Ҷалилов, 68 (5:1). Хуршед Маҳмудов, 87 (6:1).

«БАРҚИ ТОҶИК» — «ХАЙР» — 2:4

Голҳо: Сефаҳ Жаке Нана, 17 (0:1). Сафархон Мирзоев, 41 (1:1). Алишер Ӯлмасов, 69 (1:2). Баҳодур Шарифов, 75 – аз пеналтӣ (1:3). Сафархон Мирзоев, 80 (2:3). Мӯҳсин Парпиев, 83 (2:4).

«ВАХШ» — «РЕГАР-ТАДАЗ» — 0:3

Голҳо: Алишер Баротов, ба дарвозаи худ, Абдулло Саидов, Даврон Мирзоев.

Аз майдон хориҷ шуданд: Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷони Ҳасан («Вахш»), Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»).

«ХУҶАНД» — «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» — 1:1

Голҳо: Иброҳим Рабимов, 9 – ба дарвозаи худ (0:1). Манучеҳр Аҳмадов, 90+13 (1:1).

«ПАРВОЗ» — ССКА «ПОМИР» — 0:1

Гол: Бузургмеҳр Раҳмоналиев, 83.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

5

5

0

0

26-2

15

2

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

5

3

2

0

10-5

11

3

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

5

3

1

1

8-4

10

4

«Хайр» (Ваҳдат)

5

3

1

1

10-8

10

5

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

4

1

2

1

6-4

5

6

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

5

1

2

2

2-5

5

7

ССКА «Помир» (Душанбе)

5

1

1

3

2-8

4

8

«Равшан» (Кӯлоб)

5

1

1

3

6-13

4

9

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

4

1

0

3

3-9

3

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

5

0

0

5

0-14

0

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов (“Истиқлол”) - 5 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ (“Истиқлол”) – 4 тӯб, Наполеон АНДОХ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Бледа РОДРИГЕС («Истиқлол») – 3-тӯбӣ.

Даври 6-ум:
17 май (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Барқи тоҷик» — ССКА «Помир»
«Равшан» — «Парвоз»
«Регар-ТадАЗ» — «Хуҷанд»
«Хайр» — «Вахш»
18 май (душанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:30
«Делерон-Ӯротеппа» — «Истиқлол»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG