Пайвандҳои дастрасӣ

“Аҳал” барои бозӣ бо “Истиқлол” ба Душанбе омад


Дастаи "Аҳал"-и Туркманистон ба Душанбе омад.

Дастаи "Аҳал"-и Туркманистон ба Душанбе омад.

Дастаи «Аҳал»-и Туркманистон шоми10 май барои бозӣ муқобили “Истиқлол”-и Тоҷикистон ба Душанбе омад.

Дастаи «Аҳал»-и Туркманистон, ки шоми 10 май барои бозӣ муқобили “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар даври охирини сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 ба Душанбе омад, дар меҳмонхонаи «Тоҷ Палас» қарор гирифтааст. Ба ҳайати даста дар бозӣ бо “Истиқлол” 16 футболбоз шомил аст.

Ёдовар мешавем, бозии даври шашуми сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 байни «Истиқлол» ва «Аҳал» шаби чоршанбеи 13 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:45 шурӯъ мешавад.

Ҳайати «Аҳал» дар бозӣ муқобили «Истиқлол»:

Дарвозабонҳо - Никита Горбунов, Оқмурод Қурбонов.

Ҳимоятгарон - Дамар Ботиров, Бердӣ Ҳодиев, Беглӣ Муродов.

Нимҳимоятгарон — Қурбон Аннаев, Зафар Бобоҷонов, Бекмурод Балакаев, Мавлобердӣ Гошанов, Мурод Ҳамроев, Сулаймон Орезов, Раҳмат Шерматов, Алибек Абдураҳмонов.

Ҳамлагарон - Мамедалӣ Караданов, Бердимурод Раҷабов, Олтинмурод Аннадурдиев.

Баъди натиҷагирии панҷ даври сабқати интихобӣ дар гурӯҳи “С” дастаи “Ал-Қодсия” бо 10 имтиёз ((таносуби тӯбҳояш - 6-4) пешсаф аст. “Истиқлол” бо 8 имтиёз (таносуби тӯбҳояш - 7-6) дар ҷойи дуюм ва “Аҳал” бо 6 имтиёз (5-9) дар ҷои сеюм қарор доранд. “Эрбил” бо 4 имтиёз (6-7) дар ҷойи охирин – чорум - мебошад.

Ба ин тартиб, “Ал-Қодсия”, барандаи Ҷоми AFC-2014, пешакӣ ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтааст. Кувайтиҳо, ки дар даври охирини сабқати гурӯҳӣ дар майдони худ бо «Эрбил» бозӣ мекунанд, барои ҷойи аввал дар гурӯҳи “С” мубориза мебаранд. Вале “Эрбил” сарфи назар аз натиҷаи бозиҳои даври охирин аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Барои роҳхати дувум ба даври ҳаштякниҳоӣ “Истиқлол” ва “Аҳал” талош мекунанд. Ба “Истиқлол” барои ба ҳаштякфинал баромадан бозии охиринро бо “Аҳал” мусовӣ кардан басанда аст. Бозии аввал байни ин дастаҳо дар Ашқобод бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби 2-1 ба анҷом расида буд.

Ҷоми АФК-2015. Гурӯҳи "С"

Даври 1-ум

25 феврал (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Эрбил» (Ироқ) – 1-3

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Аҳал» (Туркманистон) – 2-0

Даври 2-юм

11 март (чоршанбе)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 1-2

«Эрбил» (Ироқ) – «Ал-Қодсия» (Кувайт) - 0-1

Даври 3-юм

18 март (чоршанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 2-2

«Аҳал» (Туркманистон) – «Эрбил» (Ироқ) - 2-1

Даври 4-ум

15 апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)-2-0

«Эрбил» (Ироқ) – «Аҳал» (Туркманистон) -2-3

Даври 5-ум

29 апрел (чоршанбе)

«Эрбил» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 0-0

«Аҳал» (Туркманистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт) – 0-1

Даври 6-ум

13 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Эрбил» (Ироқ)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG