Пайвандҳои дастрасӣ

Дар даргириҳои Македония 8 афсари пулис кушта шудаанд


Пулиси Македония дар Куманово

Пулиси Македония дар Куманово

Мақомот мегӯянд, даргириҳои маргбори дурӯза миёни нируҳои амниятӣ ва аъзои як гурӯҳи мусаллаҳ дар шаҳраки Куманово дар шимоли Македония ба поён расидааст.

Дар ин диргириҳо 8 афсари пулис кушта, 37 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора Иво Котевски-сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Македония ба рӯзноманигорон 10 май хабар дод.

Котевски гуфт, ки амалиёти нируҳои пулис ба поён расидааст ва “яке аз гурӯҳҳои хатарноки террористӣ дар Балкан хунсо шудааст”.

Ба гуфтаи Котевски, пулис ҷасади 14 нафарро дар маҳали даргириҳо кашф кардааст, ки ба эҳтимоли ғолиб ҷасади аъзои гурӯҳи мусаллаҳ мебошад.

Баъзе аз одамони кушташуда дар тан либосҳои Артиши Миллии Озодихоҳи албанитаборони Косоворо доштаанд.

Ин даргириҳо 9 май замоне шуруъ шуд, ки пулис барои халъи силоҳи гурӯҳи мусаллаҳ сафарбар шуд. Ин гурӯҳ аз кишвари ҳамсоя ғайриқонунӣ вориди хоки Македония шудааст.

Куманово шаҳраки шимолии Македония дар наздикии марзи миёни Косово ва Сербистон аст. Ҳукумати Македония дар робита бо куштори 8 афсари пулис ду рӯз мотам эълон кардааст. Иттиҳодияи Аврупо аз ин даргирӣ дар Балкан изҳори нигаронӣ кардааст. Дар Балкан хусуматҳои қавмӣ то ҳол боқӣ мондаанд.

XS
SM
MD
LG