Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Паём"-и Оятуллоҳ ба президенти Тоҷикистон


Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, аз марҷаъҳои тақлид дар Эрон, дар сӯҳбати худ дар масҷиди аъзами Қум ба Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон паём фиристодааст, то аз мақомоти кишвар бихоҳад, ки “мардумро ба ҳоли худашон гузоранд”. Бино ба хабари ИСНО, ишораи ин марҷаи тақлид дар Эрон ба маҳдудиятҳои пӯшиши исломӣ, аз ҷумла ҳиҷоби занон, дар Тоҷикистон будааст.

Хабаргузории ИСНО рӯзи 10 май ба нақл аз Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ навишт, “дар ахбор матолибе мунташир шуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон матлаби тунде дар бораи ҳиҷоб гуфта ва дар пайи он дар кӯча ва хиёбон чодар аз сари занон кашидаанд. Мо паёми дӯстонае ба раисиҷумҳур дорем. Мо ин корро дар замони Ризохон таҷруба кардем, вале мардум таслим нашуд.” Вай афзудааст, мо дар шароите ҳастем, ки бояд байни миллат ва давлатҳо ваҳдат бошад. “Ин масъала боис мешавад, ки байни давлат ва миллати Тоҷикистон ихтилоф биафтад ва дар ин шароити ҳассос сазовор нест,”-таъкид доштааст ин марҷаи тақлид.

Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ гуфтааст, “мо равобити хубе бо Тоҷикистон ва давлатмардони он дорем. Он чи дар ин заминаҳо озмуда шуда ва натҷиаи манфӣ дошта, ба онҳо гуфтем ва умедворем, ин паёми мо беасар набошад.”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, моҳи марти соли ҷорӣ дар мулоқоташ бо занони фаъоли кишвар аз онҳо хост, барои ривоҷи либоси миллӣ талош карад, аз пӯшишҳои ба қавли ӯ сиёҳу бегона худдорӣ кунанд. Мақомот мегӯянд, ҳадафи раисиҷумҳур на аз сари занон кашидани рӯсарӣ, балки тарғиби либоси миллӣ миёни онҳо будаасту бас.

XS
SM
MD
LG