Пайвандҳои дастрасӣ

Нимпайкараи Туйчӣ Эрйигитов дар Любан


9 май дар рӯзи 70 солагии Ғалаба дар шаҳри Любани вилояти Ленинград нимпайкараи Туйчӣ Эрйигитов -қаҳрамони иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон боз шуд. Дар ин бора Назар Мирзода-консули фахрии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Дар ин маросим ҷамъиятҳои тоҷикони муқими вилоят ва аҳолиии шаҳрҳои Любан ва Тосно ширкат доштанд. Дар ин маҳал кӯчае ба номи Туйчӣ Эрйигитов низ номгузорӣ шудааст.

Баъд аз маросими расмии боз шудани нипайкараи қаҳрамон бо ширкати дастаҳои ҳунарии тоҷикони муқими Санкт Петербург консерт баргузор шуд.

Соли гузашта низ дар қабристони бародарии Пискаревскии шаҳри Санкт-Петербург лавҳасанги ифтихории сарбозону қахрамонони Точикистонӣ дар ҷабҳаи Ленинград гузошта шуд.

Ба гуфтаи Назар Мирзода бештар аз 2600 намояндаи Тоҷикистон дар ин ҷабҳа қурбон шудаанд. Туйчӣ Эрйигитов, Тешабой Одилов, Холибек Сафолов, бародарон Осимовхо, Ҷӯраевҳо, шоири маъруф Ҳабиб Юсуфӣ аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.

XS
SM
MD
LG