Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари табаддулоти низомии Туркия даргузашт


Кенон Эрвен

Кенон Эрвен

Кенан Эрвен-раиси пешини ситоди артиш ва раиси ҷумҳури пешини Туркия дар синни 97 солагӣ аз беморӣ даргузашт. Дар ин бора хабаргузории Анадолуи Туркия гузориш додааст.

Эълон карданд, ки Эрвен шоми 9 май дар бемористони низомии Анкара даргузаштааст. Вай дар ин бемористон муолиҷа мегирифт. Эрвен соли 1980 кудетои низомиро раҳбарӣ кард ва баъд аз он рамзи бартарии низомиёни Туркия бар сиёсатмадорон дар чанд даҳсола ба шумор мерафт.

Моҳи июни соли 2014 вай барои раҳбарии кудетои низомӣ ба ҳабси абад маҳкум шуд. Ин кудето сабаби густариши шиканҷа, боздоштҳо ва куштор дар кишвар шуда буд. Вай ба сабаби саломатӣ ва солмандӣ наметавонист дар мурофиаҳои додгоҳӣ ширкат ҷӯяд.

Дар он солҳо 50 нафар ҳукми қатл гирифтанд, ним миллион нафар ба зиндонҳо андохта шуданд ва садҳо нафар дар зиндон ҷон доданд. Гузашта аз ин дар солҳои кудето ё табуддулоти низомӣ афроди зиёде бедарак шуданд.

Ҳизбҳои сисёсӣ баста шуданд ва Эрвен аз соли 1982 7 сол раёсати ҷумҳуриро бар уҳда дошт. Дар он солҳо Туркия Қонуни Асосиеро ба тасвиб расонд, ки онро генералҳо таълиф карда буданд. Ин қонун то ҳол монеае дар роҳи рушди демократии кишвар ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG