Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи ҷасади ҷангиёни тоҷик дар Кундуз


Муҳаммадумар Софӣ, волии Кундуз

Муҳаммадумар Софӣ, волии Кундуз

Муҳаммадумар Софӣ, волии Кундузи Афғонистон мегӯяд, ки ҷасади 18 ҷангҷӯи хориҷӣ дар ин вилоят пайдо шудааст. Ӯ дар сӯҳбат бо хабаргузории "Ассошиайтед Пресс" гуфтааст, ин ҷасадҳои афроде аз Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Туркияву Чеченистон ҳастанд.

Ба қавли Софӣ, ин ҷангҷӯёни хориҷӣ аз Толибон ҳимояти молӣ ва фаннӣ ё техникӣ мекарданд. Бар асоси гузориш, волии Кундуз ба ин бовар аст, ки ин афрод фориғуттаҳсили мадрасаҳои Покистону Афғонистон буда, таҷрубаи ками ҷангро доштанд.

Ҷанг дар вилояти Кундуз, наздик ба марзи Тоҷикистон, 24 апрели соли ҷорӣ оғоз ёфт. Ба иттилои мақомоти афғон, ин даргириҳо то кунун сад ҳазор нафарро барои тарки ҷои зисташон маҷбур кардааст.

XS
SM
MD
LG